Гуруҳи таъмиру сохтмон

Гуруҳи сохтмонии мазкур барои азнавсозӣ ва бо таъмири ҷорӣ фаро гирифтани биноҳои дар тавозуни марказ қарордошта амал менамоянд. Дар гуруҳи зикргардида кафшергарон бо ҷойи кафшергарӣ ва таҷҳизоти соҳавӣ, инчунин ҷой ва дастгоҳи махсус барои сохтани мизу курсӣ ва ҳар гуна мебелҳо барои таъмини эҳтиёҷоти маркази мазкур фаъолият менамоянд.