Сабт ва пахши барномаҳои «Телевизиони Тоҷикистон» ва ТМТ «Шаҳнавоз» мувофиқи тартиб 24-соат ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад дар бинои Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ истгоҳи трансформаторӣ бо 3-адад трансформатори 400Квт ва 2-хати барқии баландшиддати 6Квт, асосӣ ва эҳтиётӣ насб гардидааст. Барои бехатарии таҷҳизоти сабт, танзим ва пахши барномаҳо 1-адад тасбитгари (стабилизатор) 100Квт амал мекунад. Ҳамзамон 1-адад дизел-генератори 64 кВт барои ҳолатҳои фавқулода омодаи кор мебошад. Дар ин замина ҷиҳати ба роҳ мондани тартиб, назорат ва ҷобаҷогузории самти мазкур кормандони маҷмааи барқӣ фаъолияти навбатдории шабонарӯзӣ мебаранд.