Сехи барқии Хонаи радио

 Барои фаъолияти мунтазам ва таъмини доимии қувваи барқ, ки пахши барномаҳои чор шабакаи радиои давлатӣ 24-соат ба роҳ монда шудааст, 2-хати барқӣ, ҳамзамон барои бехатарии таҷҳизоти сабт, танзим ва пахши барномаҳо 1-адад тасбитгари (стабилизатор) 100Квт амал намуда, 1-адад дизел-генератори 30 кВт барои ҳолатҳои фавқулода омодаи кор мебошад. Дар ин замина ҷиҳати ба роҳ мондани тартиб, назорат ва ҷобаҷогузории самти мазкур кормандони сехи барқӣ фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.