Сехи Маҷмааи дастгоҳ ва таҷҳизоти телевизионӣ

Фаъолияти сехи мазкур дар 6-адад студияи сабти барномаҳои телевизионии калонҳаҷм, ки бо таҷҳизотҳои студиявӣ муосири соҳавӣ: видеокамераҳо – Sony HXC-FB75SC, объектив – Fujinon XA20sx8.5BRM, муҷаҳҳаз, деволу шифтҳо бо изолятсияи садо (звукоизоляция, акустика) пушонидашуда ва таҷҳизотҳои равшанидиҳии махсус: ETC CS40 40-Fader ColorSource Lighting Console, SWIT S-2430C SMD LED панель, SWIT S-2320 LED Bi-color, SWIT S-2330 LED Bi-color бо штанкетҳо маҳкам карда гардида, ба роҳ монда шудааст. Дар студияҳои сабт ва пахши барномаҳо каналҳои махсуси ноқилӣ ва оптикӣ барои интиқоли пахши барномаҳо фаъол буда, барои баргузории дилхоҳ барномаҳои гуногуни телевизионӣ, чорабиниҳои сиёсию-фарҳангӣ, шоу барномаҳои телевизионӣ ва пахшҳои мустақим омода мебошанд. Ҳамзамон дар сехи мазкур дастгоҳҳои марказии пахши барномаҳои «Телевизиони Тоҷикистон» PLAYBOX AirBox Neo PlayOut Bundle ва ТМТ «Шаҳнавоз» Easy OnAir ва 1-адад кинопроексионная бо таҷҳизоти муосири техникӣ барои гузаронидан аз лентаи кино ба ҳама намуд интиқолдиҳандаҳои маводи аудиовизуалӣ таҷҳизонида шуда, дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд.