Тибқи тартиби муқарраргардида фаъолияти сехи сабт ва танзими барномаҳои берун аз студия аз ду басти корӣ иборат буда, зиёда аз 20-адад танзимгоҳ: танзими дизайнерон, танзими барномаҳо ва студияи дубляж бо таҷҳизоти муосири формати HD таҷҳизонидашуда, барои танзими барномаҳои «Телевизиони Тоҷикистон» ва ТМТ «Шаҳнавоз» ба роҳ монда шудааст. Инчунин барои сабти саривақтии барномаҳои берун аз студиявӣ зиёда аз 20-адад камераҳои муосир Sony PXW-X160 XDCAM EX 422, Sony PXW-Z150 4K, квадрокоптерҳо DJI Inspire 2 Zenmuse X7, PHANTOM 4 PRO V2.0+, PHANTOM 4 PRO ва DJI OSMO Series дастрас ва омодаи кор мебошанд.