Сехи студияи сайёри радиоӣ

Фаъолияти кормандони Сехи мазкур ҳамарӯза тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита, дархостҳои кормандони эҷодӣ ва супоришҳои роҳбарияти Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудааст. Сехи студияи сайёри радиоӣ бо таҷҳизоти муосири тақвияти овоз Dynacord таъмин гардида, дар баргузории чорабиниҳои сатҳи давлатию-миллӣ ва чорабиниҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд саҳмгузор мебошанд.