Сехи таҷҳизоту ороиши саҳна

Тибқи тартиби муқарраргардида фаъолияти сехи мазкур аз ду басти корӣ иборат буда, ҳамарӯза тибқи дархости кормандони эҷодии «Телевизиони Тоҷикистон» ва ТМТ «Шаҳнавоз» ҷиҳати пурмуҳтавою дилчасп гардидани барномаҳои телевизионӣ ва ба завқи бинанда ҷавобгӯй гардонидани онҳо барои гузоштани саҳна ва декоратсияҳои студиявӣ заҳмат мекашанд. Кормандони сехи мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои сиёсию-фарҳангӣ ва барномаҳои телевизионии берун аз студиявӣ барои сохтани саҳна, декоратсия ва овезаҳо саҳми назаррас дошта, бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ мониторҳои светодидии LED Р6, аз ҷумла дастгоҳи чопи баннеру овезаҳо таъмин мебошад.