Кормандони шуъбаи зикргардида низ, барои тоза намудани утоқҳои кории кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаҳои ҳунарии назди кумита, кормандони эҷодию-техникии шабакаҳои радиоӣ, роҳравҳо, студияҳо ва ҳудуди корхона фаъолияти назаррас доранд. Қайд кардан ба маврид аст, ки иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаашон ва ҳангоми суҳбату вохӯриҳо ироа мегарданд, барои мо як мактаби бузург ва раҳнамунсози оянда хоҳад буд. Дар ин замина ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар паём аз 26-уми декабри соли 2019 баёнгардида дар Маркази техникӣ як китобхонаи барҳавову замонавӣ бо таъмини рафҳои китобмонӣ, мизу курсӣ, дастрасии китобҳои классику муосир ва соҳавӣ, инчунин компютерҳо бо нусхаи китобҳои электронӣ бо сифати баланд азнавсозӣ гардида, кормандони эҷодию-техникӣ ҳамарӯза аз он истифода мебаранд.