Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ

Суроғаи Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ: шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Беҳзод 7«А».

Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ як қисми ҷудонашавандаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мутобиқи супориши Совети вазирони СССР аз 4-уми феврали соли 1969 таҳти №262 ва фармони Комитети давлатии телевизион ва радиои СССР аз 5-уми марти соли 1969 таҳти №78 барои таъминоти васоити техникии телевизион ва радиошунавонӣ ташкил карда шудааст. Сохтмони бинои Маркази техникӣ соли 1956 оғоз гардида, соли 1959 корҳои сохтмонӣ бо васли таҷҳизоти техникӣ анҷом ва ба истифода дода шудааст. 

Аз рўзҳои аввали фаъолияти худ маркази мазкур аз лентаҳои махсуси видеоӣ истифода намуда, оғоз аз солҳои 80-уми асри 20 то имруз давра ба давра бо технологияи муосир таъмин гардид. Технологияи наве, ки дорои имкониятҳои васеи эҷодӣ ва техникӣ, инчунин пешрафта бо меъёрҳои замони муосир ҷавобгў мебошад.

 Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланди касбӣ омода гардидани як барномаи телевизионию радиоӣ заҳмати кормандон аз ҷумла: муҳандисон, танзимгарон, равшандиҳандагон, кормандони ороиши саҳна, барқчиён, ронандагони нақлиёти махсусгардонидашуда ва дигар кормандони соҳа бағоят назаррас мебошад. Дар ин замина Маркази мазкур 21-сеху шуъба ва зиёда аз 400-нафар кормандро бо ҳам муттаҳид намуда дар ҳамбастагӣ бо якдигар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаву ниятҳои созанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодаанд.

user user