ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ

Имрӯз  дар Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

         Сароғоз директори маркази мазкур Исозода Фатҳуддин Умрбой иштирокдоронро ба ин санаи муҳим таҳният намуда, бобати дастовардҳои бузурги таърихӣ- Истиқлолияти давлатӣ, нақши он дар рушди давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Номбурда иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 31 соли Истиқлолият ба ҳама мушкилоту монеаҳо нигоҳ накарда, бо сарвари оқилонаи -Пешвои миллат ба як давлати созанда, ташаббускор ва рӯ ба тараққи табдил ёфт. Дар давраи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун давлате, ки дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ташаббускор мебошад, мешиносанд ва эътироф менамоянд. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз мо аз пешрафт сухан мекунем ва барои боз ҳам беҳтар гардидани шароит тарҳҳои ҷадидро рӯи кор меорем. Моро мебояд, ки дар раванди ин ҳама ғамхорию ободкориҳо масъулиятро дучанд намуда, баҳри боз ҳам гул гул шукуфонии ватани азизамон хизмат намоем.

Дар интиҳои маҷлис як қатор кормандони фаъол, ки дар тарбияи кадрҳои соҳа, пешрафти кор ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд, бо ИФТИХОРНОМА ва СИПОСНОМА-и Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ сарфароз гардонида шуданд.