ИДОМАИ КОРҲОИ АЗНАВТАҶҲИЗОНИ ВА ДАСТРАСИИ ТАҶҲИЗОТИ МУОСИРИ ТЕХНИКӢ БАҲРИ РУШДИ СОҲА

Имрӯз бо иштироки Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои Хонаи Радио студияи сабти овоз баъди азнавтаҷҳизонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки таҷҳизоти студияи сабти овоз, ки барои пешбурди фаъолияти кори дастаҳои ҳунарии назди Кумита ва мураттаб намудани барномаҳои рангоранги ҷашнӣ, инчунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар истифода қарор доштанд, басанда набуда, ҳамзамон бо дигар технологияҳои муосири имрӯза дар рақобат устувор набуданд. Таҷҳизоти мазкур аналогӣ буда, аз соли 2013 дар истифода қарор доштанд ва давоми солҳои сипаригардида иқтидори техникии онҳо паст гардида, талаботи имрӯзаро қонеъ карда наметавонанд. Ҳамзамон барои ёфтани қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти студиявӣ мушкилӣ пеш меомад, чунки қисмҳои мазкур дигар дар истеҳсолот қарор надоранд.

Дар ин замина давоми соли 2022 дар идомаи корҳои таҷдиду азнавтаҷҳизонӣ ва дастрасии таҷҳизоти техникии телевизионию-радиоӣ таҷҳизоти студияи сабти овоз бо таҷҳизоти муосири техникӣ иваз карда шуд. Таҷҳизоти дастрасгардида StudioLive 64S навъи охирини системаҳои PreSonus  STUDIOLIVE буда, имконияти бо суръат ва бо сифати баланд иҷро намудани амалиётро дорад. Таҷҳизоти мазкур StudioLive 64S микшер андозаи хурд дошта аз 64-канал иборат аст, ки бо микшери рақамӣ ва формати васеъ амал менамояд. Микшери рақамии StudioLive 64S, бо протсесори чоргонаи PreSonus FLEX DSP кор мекунад, ки дорои 76 канали омехта, 43-адад шинаҳо ва 526 протссесорҳои якҷоамалкунанда мебошад.  Микшер барои идоракунии танзимот дорои барномаи экрани сенсории ранга, 33-адад системаи сенсории фейдерӣ ламсӣ ва 32-адад пурқувваткунанда бо имконияти хабардиҳӣ XMAX бо технологияи идоракунии дурдаст муҷаҳҳаз шудааст.

StudioLive 64S дорои 32 микрофони даромади бо технологияи идоракунии дурдаст муҷаҳҳазшуда ва 4-даромади иловагии бо даромади микрофони махсуси XLR барои иртиботи дутарафа амал мекунад.

Бо ёрии StudioLive 64S мо метавонем дар як вақт чандин амалро аз ҷумла тариқи 32-канал ва микси асоси ба корти SD-и сабтро ба роҳ монда, тавассути сабткунандаи дарунии 34-канали SD ё 128 каналро (64 дар ҳар як самт) тариқи USB ба компютер интиқол дода ва дар он сабт намоем.

Микрофонҳои Shure Beta 58A суперкардиоиди динамикӣ бо масофаи мукаммали миёна ва танзимшаванда барои таҷдиди оптималии вокал, нутқ ва асбобҳои консерти, суханронии оммавӣ ва намоишҳои зинда пешбинӣ гардидаанд. Капсулаи динамикии он барои таносуби баланди сигнал ба садо истифода шуда, барои кам кардани садои беруна (шум) мувофиқ мебошанд. Микрофони мазкур бе манбаи барқи иловаги басомадро аз 50 Гц то 16 кГц таъмин мекунад.

Таҷҳизоти дигари техникӣ, киRolls RA53B мебошад пурқувваткунандаи гӯшмонаки стерео 5-канала бо баромадҳои ҳамзамон 1/4″ TRS ва баромадҳои мини стерео 1/8″ барои ҳар як канал буда, ду дастгоҳро барои кори 10-канал бо 6 даромад пайваст кардан инчунин маҷмӯи 3-каналҳоро бо дастрасии мустақим ба каналҳои 1, 2 ва 3 таъмин мекунанд.

Лозим ба зикр аст, ки банду басти таҷҳизоти номбурда аз тарафи мутахассисони Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шуд. Дар рафти боздид аз тарафи Раиси Кумита муҳтарам Нуриддин Саид ба кори мутахассисони Маркази техникӣ баҳои баланд дода шуда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани кори соҳа дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд.