Дар Душанбе ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа роҳбарони парламентҳои кишварҳои Иттиҳод: Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева иштирок доранд.

Дар рӯзномаи ҷаласа баррасии якчанд санади муҳим, аз ҷумла қонунҳои намунавӣ оид ба таъминоти маводи доруворӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, оид ба маҳдуд кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, дар бораи мудофиаи ҳудудӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин тавсияҳо оид ба ошкор ва бақайдгирии ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон ва муҳокимаи дигар масъалаҳои муҳим дар назар дошта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»