
Тибқи нақша бо иштироки муовини Раиси
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода С.М. оид ба натиҷаҳои фаъолияти Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ дар соли 2025 ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Директори Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ Исозода Ф.У. оид ба фаъолият дар соли 2025 изҳори назар намуда, вобаста ба пешравию-муваффақият ва нақшаҳо барои оянда маълумоти муфассал доданд. Қайд намуданд, ки воқеан ҳам соли равон барои ҳайати кормандони Маркази техникӣ соли хотирмон буда, дар тамоми самтҳои фаъолият дастовардҳои назаррас рӯйи кор омаданд. Дар ин замина таҷҳизоти техникии телевизионию-радиоӣ аз қабили дастгоҳҳои марказӣ, танзимгоҳҳо, студияҳои сабт ва пахш, студияҳои сайёр, таҷҳизоти тақвияти овоз, монитор, равшании иловагӣ, камераҳои наворбардорӣ ва дигар қисмҳои техникӣ дар
ҳолати хуби корӣ нигоҳ дошта шуда, тамоми чорабиниҳои сиёсию-фарҳангӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди касбӣ сабту танзим ва бе ягон нуқсонҳои техникӣ бо сифати баланд инъикос карда шуданд.
Дар давраи сипаригардида ҷиҳати такмил додани базаи моддию техникии телевизион ва радио, мутобиқ намудан ба меъёрҳои муосир ва муҳайё намудани шароити кории кормандони эҷодию-техникӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, таҷҳизоти техникии соҳавӣ дастрас ва мавриди баҳрабардории кормандон қарор дода шудаанд. Дар идома Ализода С.М. ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита, беҳтар намудани базаи моддию-техникии телевизион ва радио, инчунин корҳои ободонию-бунёдкорӣ ба коллективи меҳнатии маркази мазкур миннатдорӣ баён намуда, бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» барои муттаҳид гардидан дар амалӣ намудани нақшаву ниятҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ аз санаи 16-уми декабри соли 2025 ироагардида, дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.





