
Дар шароити кунунӣ рушди бо суръати техникӣ, ҷиҳати азнавтаҷҳизонӣ соҳа ба шумор меравад. Дар ин замина барои такмил додани базаи моддию техникии телевизион ва радио, мутобиқ намудан ба меъёрҳои муосир ва бо мақсади рақобатпазир намудани барномаҳои телевизионию-радиоӣ, бо иштироки Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид студияи сайёри телевизионӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Лозим ба зикр аст, ки давоми соли 2024 дар идомаи корҳои таҷдиду азнавтаҷҳизонӣ ва дастрасии таҷҳизоти техникии телевизионию-радиоӣ студияи сайёри телевизионӣ дар бордони автомашинаи МЕРСЕДЕС БЕНС бо таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Намои дохила ва берунии автомашинаи студияи мазкур бо дизайни наву замонавӣ навсозӣ гардида, барои сабт ва баргузории дилхоҳ барномаҳои телевизионӣ чорабиниҳои сиёсию-фарҳангӣ, шоу барномаҳо ва пахшҳои мустақим омода мебошад.
Қобили қайд аст, ки азнавсозии намои дохила ва берунаи студияи мазкур ва васлу насби таҷҳизоти номбурда аз тарафи мутахассисони Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Дар рафти боздид Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид ва муовини техникии раиси Кумита Ализода Суҳроб, инчунин дигар иштирокчиёну мутахассисони соҳа ба кори кормандони Маркази техникӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар намудани кори соҳа дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд.







