БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2024 ВА НАҚША БАРОИ ОЯНДА

Имрӯз тибқи нақша бо иштироки муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода С.М. оид ба натиҷаҳои фаъолияти Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ дар соли 2024
ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Роҳбарияти Маркази техникӣ оид ба фаъолият дар соли 2024 изҳори назар намуда, вобаста ба пешравию-мувафақият ва нақшаҳо барои оянда маълумоти муфассал доданд. Қайд намуданд, ки воқеан ҳам соли равон барои ҳайати кормандони Маркази техникӣ соли хотирмон буда, дар тамоми самтҳои фаъолият дастовардҳои назаррас рӯйи кор омаданд. Дар ин замина таҷҳизоти техникии телевизионию-радиоӣ аз қабили дастгоҳҳои марказӣ, танзимгоҳҳо, студияҳои сабт ва пахш, студияҳои сайёр, таҷҳизоти тақвияти овоз, монитор, равшании иловагӣ , камераҳои наворбардорӣ ва дигар қисмҳои техникӣ дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ дошта шуда, тамоми чорабиниҳои сиёсию-фарҳангӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди касбӣ сабту танзим ва бе ягон нуқсонҳои техникӣ бо сифати баланд пахш карда шуданд.

Дар давраи сипаригардида ҷиҳати такмил додани базаи моддию техникии телевизион ва радио, мутобиқ намудан ба меъёрҳои муосир ва муҳайё намудани шароити кории кормандони эҷодию-техникӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда,
таҷҳизоти техникии соҳавӣ дастрас ва  мавриди баҳрабардории кормандон қарор дода шудаанд.

Дар идома Ализода С.М. ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита, беҳтар намудани базаи моддию-техникии телевизион ва радио, инчунин корҳои  ободонию-бунёдкорӣ ба коллективи меҳнатии маркази мазкур миннатдорӣ баён  намуда, барои муттаҳид гардидан дар амалӣ намудани нақшаву ниятҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ аз санаи 28-уми декабри соли 2024 баён доштанд, дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.