
Имрӯз бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази техникии телевизион ва радиои
ҷумҳуриявӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар рафти
ҷаласа роҳбарияти маркази мазкур аз ин ҷашни бузурги миллӣ тавсиф намуда, аз дастоварду пешравиҳои тамоми соҳаҳо аз
ҷумла соҳаи телевизион ва радиои миллӣ ёдовар гардиданд.
Тавре қайд карда шуд воқеан волотарин дастовард, ки дар таърихи Тоҷикистони навин ба ҳисоб меравад ин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд, ки ба таври шоиста нигоҳ доштану ҳимояи Истиқлолият қарзи шаҳрвандию виҷдонии ҳар яки мо маҳсуб меёбад.
Дар охир чанд нафар кормандон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.





