Имрӯз дар Душанбе чорабиниҳои сессияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз мегарданд

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе чорабиниҳои сессияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар назар аст.

13 ноябр ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, ки дар он роҳбарони парламентҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳод иштирок хоҳанд кард.

Дар ҷаласа иштирокчиён маълумотро оид ба қарорҳои Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 10 октябри соли 2025 ва Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 29 сентябри соли 2025 шунида, як қатор масъалаҳоро баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025, фаъолияти Комиссияи ҳуқуқи инсон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, супоридани ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ва дигар масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод ҳамчунин нақшаи кори Ассамблеяро барои соли 2026 ва натиҷаҳои чорабиниҳои баргузоргардидаро дар соли равон баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ҷаласа роҳбарону вакилони парламентҳои давлатҳои аъзо масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ мубодилаи афкор доир мегардад.

14 ноябр 59-уми ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон