Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмонхонаи муҳташами «Аммар»-ро дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди истифода қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Меҳмонхона дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бахшида  ба  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд карда шудааст.

АКС: Шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе