0

Дар Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид

Дирӯз дар Душанбе дар доираи ҷаласаи 11–уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни ифтитоҳи Форум Туркияро яке аз шарикони иқтисодӣ ва тиҷоратии асосии Тоҷикистон  номида, зикр намуд, ки «иштироки ширкату корхонаҳои Туркия сол ба сол зиёд ва фаъол гардида, чорабинии имрӯза метавонад барои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварҳои мо муҳим ва омили асосӣ барои тақвияти ҳамкорӣ миёни бахши хусусии ду кишвар гардад. Бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои соҳибкорон ва сармоягузорон шароити хуби фаъолият ва рушд фароҳам оварда шудааст. Имрӯз тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорон имтиёз ва афзалияти зиёд дода шудааст. Ҳамчунин рушди арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар кишвари мо баёнгари ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон мебошад».

Ба ҳамоиш намояндагони 21 ширкати туркӣ аз соҳаҳои саноати сабук, мошинсозӣ, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра даъват шуда буданд. Аз ҷониби Тоҷикистон 100 нафар соҳибкорон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *