Дар асоси нақшаи ташкил ва баргузории корҳои ободониву созандагӣ дар пайрави бо иқдомҳои пешгирифтаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои ободонӣ, таъмиру тармим, сабзу хуррамгардонӣ ва тозаю озода намудани гирду атрофи корхона тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гардида истодааст.
Ин ибтикорот пайваста дар биноҳои дар тавозуни марказ қарордошта бо маром амалӣ мегардад. Аксҳои овардашуда далели гуфтаҳои болост.







