
ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оғози сохтмони маҷмааи биноҳои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, Муассисаи нақлиётии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Фармоишгари иншоот Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе маҳсуб шуда, он дар масоҳати 1,56 гектар бунёд хоҳад ёфт.
Маҷмааи мазкур аз 3 бино иборат буда, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 5 ошёна бо таҳхона ва 45 утоқи корӣ, бинои муассисаи нақлиётии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз 5 ошёна бо таҳхона ва 42 утоқи корӣ иборат мебошанд.
Иншооти мазкур ҳамчунин дорои майдончаи тамрин, майдони варзишӣ, майдони сафороӣ, нуқтаи тақсими сӯзишворӣ, таваққуфгоҳи мошинҳо ва таввақуфгоҳи ҷаримавӣ мебошад.
Дар фарҷом Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дар муҳлати муайянгардида ва бо сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонии иншооти бунёдшаванда ба кормандон ва масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.






АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе