
ДУШАНБЕ, 13.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дӯсти азизам! Вохӯрии имрӯзаи мо дар вуҷуди ман эҳсосоти хеле гармро бедор мекунад. Имсол 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҳти роҳбарии Шумо, Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин ба мо шодмонии самимӣ мебахшад. Чунин иброз намуд Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин 12 май зимни музокирот бо ҳайатҳои ду ҷониб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯсти азизи худ номида, ба нақши шахсии Пешвои миллат дар таҳкими асосҳои давлатдорӣ ва рушду нумуи Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
«Ҷаноби Президент! Ман омодаам бо Шумо ҳамкорӣ кунам, то ҷомеаи боз ҳам муттаҳидтари сарнавишти муштаракро байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар тақвият диҳем»,- таъкид намуд Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин.
Ёдовар мешавем, ки 12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди амиқ доир гардиданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон