
ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаҳои алоқа таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди телевизиону радио» ҳамоиши илмӣ–амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд ёфта, бо ворид намудани технологияҳои муосир ва густариши фазои иттилоотӣ сатҳи пешниҳоди барномаҳо беҳтар гардидааст.
Сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, хусусан телевизион дурбинона ва созанда мебошад. Он сиёсате аст, ки барои мукаммалсозии фазои расонаӣ, ҳифзи он аз зуҳуроти бегона, таҳкими сулҳу ваҳдат, ободонии мамлакат, тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда ва дар зеҳни ҷаҳониён ба вуҷуд овардани имиҷи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ мегардад.
Қабули барномаҳои давлатӣ дар ин самт шароити мусоид фароҳам овард, ки татбиқи таҷҳизоти муосири рақамӣ, навсозии студияҳо, марказҳои пахши барномаҳо ва афзоиши шабакаҳои пахши рақамӣ дар саросари мамлакат таъмин гардад.
Рушди минбаъдаи соҳаи телевизион ва радио яке аз омилҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон